Ниёзов Омадқул Ҳамроқулович 20.10.1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2003 ҳуҷатҳои худро ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, донишҷӯ гашта соли 2008 сарбаландона касби муҳандис-геологро сазовор мегардад. Пас аз хатми факултети геология бо қарори Комиссияи Аттестатсионии хатми факултет геология ба кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ба ҳайси ассистент ба кор қабул мешавад. Солҳои 2009-2014 ассистенти кафедра; солҳои 2009-2020 Раҳбари маҳфили Кашшофон ва ҷамъияти илмии донишҷӯён дар назди кафедраи геология ва иктишофи ККФ; солҳои 2011-2016 Раиси ассотсиатсияи волидайни факултети геология; солҳои 2014-2020 Раиси Шурои олимон ва муҳақкиқони ҷавони факултет; солҳои 2014-2018 аспиранти шуъбаи ғоибонаи озмоишгоҳи ба каррозия устувори институти химияи АМИҶТ; аз соли 2014 то инҷониб муаллими калони кафедраи геология ва иктишофи ККФ-и факултети геология; аз моҳи апрели соли 2020 то ҳол ба ҳайси муовини декани факултети геология оид ба илм ва инноватсия мебошад. Ниёзов О.Ҳ. дорои 5 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва фишурдаҳо мебошад. Бо Ифтихорномаҳои ДМТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвароз гардонида шудааст.