Mуовини декан оид ба тарбия

 Дар факултети геология фаъолияти корҳои тарбияви мувофиқи нақша-чорабиниҳо, амалӣ мегардад.

Ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар асоси Оиннома ва низомномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал намуда, дар фаъолияти кории худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармонҳои ректор ва фармоишҳои муовини ректор оид ба тарбияро ба роҳбарӣ мегирад. Инчунин тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ доранд, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти корҳои тарбияви дар факултети геология чунинанд:

а) Кор бо мушовирони гурӯҳҳои академӣ.

б) Кор бо Шӯрои занон ва духтарон.

в) Кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ.

г) Кор бо донишҷўёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсил дошта.

ғ) Кор бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта.

д) Кор бо Шӯрои падару модарон (волидайн)

Шӯрои кураторон

Дар факултет  28-гурӯҳи академӣ мавҷуд аст, ки дар ҳар як гурӯҳи академи мувофиқи нақша мушовири академи корҳои тарбиявиро пеш мебаранда. Раисии Шӯрои кураторон Шомаматов Хуршед ба ӯҳда дорад. Бояд қайд намуд, ки ҳар як сарпарасти гурӯҳ барномаи кории дарсҳои тарбиявӣ ва нақша – чорабиниҳои хешро дошта, он аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва раиси Шӯрои кураторон тасдиқ гардида, мувофиқи он амал мекунанд. Шӯрои кураторон дар муштарак бо муовини декан оид ба тарбия моҳе як маротиба ҷаласа гузаронида, дар он масоили муҳими ҷойдоштае, ки марбут ба тарбия мебошанд, баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдорро қабул менамоянд. Доир ба масъалаҳои мубрами рӯз ва фармону супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет сари вақт дар гурӯҳҳо сарпарастон дарсҳо гузаронида суратҷаласаҳо омода менамоянд. Гурӯҳҳои академӣ аз тарафи сарпарастон оид ба терроризм ва экстремизм, ВНМО, Амалҳои корупсионӣ ва дигар масъалаҳои доги рӯз дарсҳо гузаронида, суратҷаласаҳо омода карда шудааст. 

Кор бо созмонҳои ҷамъиятии факултет

Дар факултети геология созмонҳои ҷамъиятиро раиси созмони ҷавонони факултет пеш мебарад.

Мувофиқи нақша онҳо нақшаҳои кории худро доранд, ки дар аввали соли хониш дар мувофиқа бо садорати факултет ва Раиси Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ тасдиқ карда шудаанд ва аз рӯйи он амал мекунанд. Ҳар як созмон раис ва ҳар як гурӯҳи академӣ  аъзоёни худро дошта, моҳе як маротиба бо иштироки муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва раиси Шўрои кураторон ҷаласа гузаронида мешавад. Қайд намудан ба маврид аст, ки саҳми ин созмонҳо дар гузаронидани ҷашнҳои миллӣ ва чорабиниҳои характери фарҳангию ахлоқӣ ва сиёсӣ дошта, хеле калон аст. Дар нимсолаи аввал созмони ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишҷўён моҳе як маротиба ҷамъомад баргузор намуда, оид ба рўзгори донишҷўёни ятим ва бепарастор, тибқи квотаи Президенти таҳсилкунанда, ва донишҷўёни дар хобгоҳҳои донишгоҳ зиндагикунанда суҳбатҳо намуда, аз вазъи зиндагонии онҳо бохабар мешаванд.

Фаъолияти кории ассотсиатсияи волидайни факултети геология

Доир ба фаъолияти асотсиоатсияи волидани факултет мутобиқи нақша чоробиниҳои раёсати донишгоҳ ва садорати факултет дар соли 2020 то инҷониб  як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд.

Кор бо донишҷӯёни шўъбаи рузона

Дар факултет 600 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки дар соли таҳсил фаъолона дар дарсҳо ва корҳои ҷамъияти иштирок менамоянд. Оид ба дер омадан ба дарсҳо ва иҷро накардани сарулибоси расми зиёда ба 25 нафар донишҷӯ огоҳи дода шуда тадбиротҳо омода карда шудааст. Аксарияти донишҷўён дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ фаъолона иштирок намуда баҳри ободии донишгоҳ ва факултет саҳми худро гузоштаанд.

Кор бо донишҷӯёни дар хобгох истиқоматдошта

Барои гирифтани манзилнома 83-нафар бо ариза ба камиссияи тақсимоти хобгоҳҳо муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 70- нафарашон аз комиссияи таъсисдодашуда гузашта соҳиби манзилнома гардиданд. Донишҷўёни соли таҳсили якум, ки аз Вилояти Сугд 25-нафар, Вилояти Хатлон 30-нафар, Ноҳияи Рашт 10- нафар, Бадахшон 10-нафарро ташкил медоданд, ҳаммаи ин донишҷўён ба манзили истиқомати дар хобгоҳҳои донишгоҳ ҷой карда шудаанд. Дар маҷмўъ 30-нафар донишҷўи курси якум соҳиби манзили истиқомати дар хобгоҳҳои донишгоҳ гардиданд. Инчунин 40-нафар донишҷўёни курсҳои дуюм, сеюм ва чоруми факултет низ соҳиби манзилномаи хобгоҳҳои донишгоҳи сазовор гардиданд.

Почта.