Модар бузургтарин неъмат ва муқаддастарин шахс барои ҳар инсон аст. Ҳаёти мо аз оғӯши гарми ӯ оғоз мешавад ва тамоми умр бо меҳру дуои ӯ идома меёбад. Модар на танҳо шахсе аст, ки моро ба дунё меорад, балки сутуни маънавии зиндагии мост. Аз рӯзи аввал модар барои фарзанди худ фидокорӣ намуда, ӯ шабҳо бедор мемонад, бемории фарзандро бо дили сӯхта таҳаммул мекунад ва ҳар мушкилиро бо сабру умед паси сар менамояд.
Меҳри модар беғараз, пок ва самимист. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз фарзандаш чизе талаб намекунад, ҷуз он ки солим, хушбахт ва инсони нек бошад.Модар нахустин омӯзгори инсон аст. Калимаи аввал, одоби муошират, эҳтироми калонсолон, муҳаббат ба Ватан ҳама дар мактаби тарбияи модар шакл мегиранд. Агар ҷомеа пешрафта бошад, ин пеш аз ҳама аз тарбияи дурусти модарон сарчашма мегирад. Зеро ояндаи миллат дар дасти фарзандон аст ва фарзандонро модар ба камол мерасонад.Дар фарҳанги тоҷикон мақоми модар бисёр баланд аст. Шоирон ва адибон модарро бо офтоб, замин ва чашмаи ҳаёт монанд кардаанд. Чунон ки чашма ҳамеша об медиҳад, модар низ меҳру муҳаббатро бепоён мебахшад. Эҳтиром ва қадршиносии модар танҳо вазифаи ахлоқӣ нест, балки қарзи инсонии ҳар як фарзанд мебошад.
Модар сарчашмаи меҳр, неру ва зиндагї мебошад. То даме ки модар зинда аст, инсон худро паноҳёфта ва хушбахт эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, бояд ҳар рӯз ба модар эҳтиром гузорем, сухани нек гӯем ва меҳрубонии ӯро пос дорем. Зеро дуои модар калиди саодати инсон аст.Меҳри модар пок, самимӣ ва беғараз буда, ӯ ҳеҷ гоҳ манфиати худро аз манфиати фарзанд боло намегузорад. Мутаассифона, баъзан инсон қадри модарро танҳо замоне дарк мекунад, ки дер мешавад. Дар ҳоле ки модар дар канори мост, бояд бо сухани нарм, рафтори нек ва ғамхорӣ муҳаббати худро нишон диҳем. Як сухани хуб, як таваҷҷуҳи самимӣ ва як кӯмаки хурд метавонад дили модарро шод гардонад. Агар фарзанд муваффақ шавад, дар паси ин муваффақият заҳмати модар меистад.Лоиқ Шералӣ яке аз беҳтарин шоирони муосири тоҷик мебошад, ки дар васфи модар шеърҳои басо арзишманд эҷод кардааст. Дар васфи модарони фариштахисол офаридани садҳо асар кам аст, лекин Лоиқ Шералӣ тавонист дарди дили модарони тоҷикро бо ҷаззобияти хос тасвир намояд. Ҳангоми қироати «Модарнома»-и Лоиқ ҳис мекунӣ, ки гӯё симо, рафтору кирдор ва меҳрубонии модари туро гуфта бошад. Модар муқаддастарин офаридаи Парвардигор аст, муъҷизаест беназир.
Ҳеҷ нерӯи тавонотар аз ӯ нест. Ҳастии модар омили безаволии зиндагист, меҳр ва оғӯши ӯ пушту паноҳи мост.Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.Шеъри пурэҳсоси Лоиқ Шералӣ, ки бо нидои «Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?» оғоз мешавад, яке аз таъсирбахштарин ифодаҳои муҳаббат ва ниёзи фарзанд ба модар аст. Ин шеър на танҳо васфи модар, балки эътирофи самимии як қалби дардманд мебошад, ки дар гирдоби зиндагӣ боз ба оғӯши маънавии модар рӯ меорад.
Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.
Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.
Дилам хоҳад дуоятро
Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сӯи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,
Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гирйистаӣ дар худ фурӯ монда…
Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро,
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё сабақ хондам,
Китоби куҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.
Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кӯдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсӯс хоҳам хурд…
Модар дар шеър рамзи гармии хона, дуои пок ва ҳикмати зиндагӣ мебошад. Дастони ӯ «чу ду боли парастуҳо» тасвир шудаанд. Парасту рамзи баҳор ва умед аст яъне ҳамин тавр, дуои модар низ фарзандро ба зиндагии нав, ба роҳи дур бо умеду баракат гусел мекунад. Яке аз андешаҳои амиқи шеър эътирофи он аст, ки модар аз фарзанд бештар дунё ва қисматро медонад. Шоир иқрор мешавад, ки китобҳои зиёд хондааст ва аз ҳикмати дунё сабақи зиёд гирифтааст, вале боз ҳам «фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам». Ин ҷо шоир ҳикмати модарро болотар аз донишҳои китобӣ мегузорад.
Яъне таҷрибаи зиндагии модар ва муҳаббати ӯ ҳақиқате ҳаст, ки онро ҳеҷ мактабу китоб иваз карда наметавонад. Шоир бо такрори «Надонистам…» эҳсоси пушаймониро таъкид мекунад. Ӯ дарк мекунад, ки инсон ҳатто дар пирӣ ҳам дар назди модар кӯдак мемонад.Дар охир тамоми модарони азизро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик мегӯем. Бигзор ҳамеша сиҳату саломат, болидарӯҳ ва гиромӣ бошед. Орзумандем, ки хонадонатон пур аз меҳру муҳаббат, дили шумо саршор аз шодӣ ва зиндагиятон пурсаодат бошад. Дуои неки шумо ҳамеша пуштибони фарзандон ва нуру зиёи рӯзгори онҳо бод.
Рӯзи Модар муборак!Раиси Шурои занони факултет,Шодибекова М.Ш.








