Дар шароити имрӯза ва имкониятҳои бадастомадаи замони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёре аз дастовардҳои соҳа ноил гардидаст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дарёҳои зиёди пуриқтидор буда, бо тавоноии гидроэнергетикиаш миёни дигар давлатҳои минтақа фарқ дорад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки иқтидори дарёҳои кишвар ба 527 млрд кВт. соат мерасад. Маълум аст, ки дар кишвар вобаста ба ҷойгиршавии онҳо ва масоҳати ҳавзаҳои дарёҳо ба калон, миёна ва хурд ҷудо мешаванд. Дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои кӯҳӣ буда дар раванди бавуҷудоии худ, миқдори беҳисоби комплекс-маҷмаи табиӣ-ҳудудиро бо водиҳои тангу гуногуншакл, дараҳо, сойҳо, тангнойҳо, табиати хушманзара, бо микроиқлими худ, рӯйпӯши хоссаи гилхокию набототӣ, ва дигар хусусиятҳояшон, ба вуҷуд овардаанд, ҷой дорад.
Асосан дарёҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаҳои бузурги обҷамъкунӣ – Аму, Зарафшон ва Сир тақсим мешаванд. Ҳавзаи аз ҳама калонтари обҷамъкунӣ ҳавзаи дарёи Аму ба ҳисоб меравад, ки се ҳавзаи дигар: Вахш, Панҷ ва Кофарниҳонро муттаҳид сохтааст.Айни замон захираҳои обӣ дар ҷумҳурӣ манбаи асосии истеҳсоли барқ мебошанд, ки 98% неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ташакулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ қарор дорад ва зиёда аз 55,4% ҷараёни обҳои минтақа дар ҷумҳурӣ ташакул меёбанд, ба омӯзиши ҷараёни дарёҳо дар ҳудуди ҳавзаҳои асосии ҷумҳурӣ диққати махсус дода мешавад.Ҷиҳати омӯзиши реҷаи гидрологии объектҳои обӣ (дарёҳо ва кӯлҳо) ва ҳисоби захираи обҳои рӯизаминии ҷумҳурӣ 96 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъолият мекунанд.
Дар ин дидбонгоҳҳо мушоҳидаи сатҳ, сарф ва ҳарорати об, инчунин сифати объектҳои обӣ санҷиш ва таҳлил мешаванд. Самти гидрология ба омӯзиши илмии об, тақсимот, ҳаракат ва хосиятҳои он дар рӯи замин равона карда шудааст. Фаъолияти гидрологҳо ба омӯзиши захираҳои об, боришот, бухоршавӣ, обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ равона карда шудааст. Яке аз самтҳои фаъолияти гидрологҳо ин таҳлили гардиши об ва чӣ гуна муносибатҳои обро бо муҳити зист, аз ҷумла дарёҳо, кӯлҳо, уқёнусҳова пиряхҳо, вазъи обу ҳаво ва ғайра мебошад.Гидролог мутахассисест, ки захираҳои об, ҳолат ва сифати онҳоро меомӯзад. Гидрологҳо сатҳи оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳоро чен намуда, таркиби химиявии об ва таъсири онро ба муҳити зист таҳлил менамояду баҳогузорӣ мекунад. Мутахассисони соҳаи гидрология бисёр масъалаҳои касбиро ҳал мекунанд, аз ҷумла, чен намудани ҳаҷми об ҳангоми сохтани иншоотҳои гуногуни гидротехникӣ (ба монанди сарбандҳо ва обанборҳои муваққатӣ), ташкили обанборҳои сунъӣ, обёрӣ хушконидани минтақаҳои сероб ва ғайра.
Умуман, вазифаҳои гидролог гуногун аст, зеро дар гидрология самтҳои соҳавӣ мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо ба ҷанбаи омӯзиши об бахшида шудааст: ба монанди гидрофизика, физикаи баҳрҳо ва физикаи обҳои хушкӣ, гидрохимия, гидробиология, гидрометрия, динамикаи ҷараёни об ва каналҳо, пешгӯиҳои гидрологӣ, уқёнусшиносӣ ва ғайра. Ба ибораи дигар, бошад ихтисоси гидролог хеле меҳнатталаб буда, донишҳои зиёди назариявӣ ва амалиро талаб мекунад. Гидрологҳо асосан дар нозиротҳои гидрологии назди объектҳои об ва дар озмоишгоҳҳо кор мекунанд, ки дар онҳо маълумотҳои мушоҳидавиро омӯхта пешниҳодҳои илман исботшударо пешниҳод менамоянд.
Дар баробари ин мушоҳидаҳои гидрологии объектҳои об (сатҳи об, ҳолати заҳбурҳо, ғафсии ях, ҳарорати об дар давраҳои гуногуни сол ва ғайра), ба қайд гирифтани тағйироти иқлим, обу ҳаво, ки ба сифат ва ҳаҷми об таъсир мерасонад, инчунин санҷиши объектҳои об ва навиштани (пешбурди) ҳуҷҷатҳои саҳроӣ ҳангоми ташкили корҳои сохтмонӣ, корҳои таҳлилӣ оид ба моделсозии обхезӣ ва оқибатҳои серобӣ, коркарди маводҳои гидрологӣ ва тартиб додани ҷадвалу нақшаҳо, мониторинги ҳолати маҷроии дарёҳо ва ширкатҳои боркашонӣ. Гидрологҳо метавонанд ҳамчун мутахассис дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, пойгоҳҳои метеорологӣ, ташкилотҳои экологӣ, ташкилотҳои гидрографӣ, хизматрасонии муҳандисӣ, гидрографӣ дар ширкатҳои саноатӣ кору фаъолият намоянд.
Дар сохтори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2016 ихтисоси нав бо номи гидрология ва пиряхшиносӣ кушода шуд. Ин ихтисос яке аз ихтисосҳое ба ҳисоб меравад, ки барои дар амал татбиқ намудани сиёсати обии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои баландихтисосро омода мекунад. Пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу вањҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳо оид ба даҳсолаҳои байналмилалӣ ба СММ пешниҳод мегардад. Хушбахтона ин ташаббусҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо менамояд.
Эълони даҳсолаҳои байналмиӣї ин:– Соли 2003 – соли «Байналмилалии оби тоза”;– Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”;– Соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об”.– Даҳсолаи байналмилалӣ амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»; мебошад. Хатмкардаҳои ин ихтисос дар корхонаҳои соҳавии самти гидрология ва глятсиологӣ фаъолияти пурсамарро дар заминаи ташаббусҳо ва пешниҳодҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу вањҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ба роҳ мондаанд.