КОНСТИТУТСИЯ – КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ҚОНУНИЯТ, АМНИЯТ ВА СУЛҲУ СУБОТИ ДАВЛАТ

189

Таҷрибаи қабули Конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастани дорад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)Бистунӯҳ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст, ки халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. «Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад», — зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Воқеан ҳам, сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Мавриди зикр аст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони шӯравӣ аз соли 1989 ва махсусан пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд. Маҳз ҳамин давлатмард тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, вазъияти муташанниҷи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад. Сардори давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад. Ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нигоҳ накарда, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи калони мутахассисону коршиносон дар моҳҳои сентябр-октябри соли 1993 ба кишварҳои хориҷа, аз қабили Шветсария, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои омӯзиши таҷрибаи конститутсионӣ фиристода шуданд. Аз ин сабаб бо вуҷуди дар давраи ҷанги шадиди шаҳрвандӣ таҳия гаштани Конститутсия, аъзоёни гуруҳи корӣ тавонистанд, ки дар он беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқӣ фитриро инъикос намоянд ва дар натиҷа Конститутсияи мазкур аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътирофу ворид гашт. Бо назардошти ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузор кардани маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллату давлати тозабунёди мо тоҷикон аст. Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлати миллии мо муайян гардид.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.Тавре, ки дар моддаи 6 Конститутсия омадааст, “дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад”. Ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо дар раъйпурсиҳои умумихалқӣ ва маъракаҳои интихоботӣ озодона иштирок карда, дар рушд ва ташаккули имрӯзу фардои ватани азизамон саҳм мегузоранд.Бояд гуфт, ки маҳз бо қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллӣ, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим гузоштааст.Бигзор, Конститутсияи Ҷумҳурии ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.

Возможно, это изображение 2 человека и отдел новостей
Мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геология, н.и.г.-м., дотсент ҒАРИБМАҲМАДОВА СВЕТЛАНА НАЗРИМАМАДОВНА.
Возможно, это изображение 1 человек
Муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети геология САФАРОВ Л.Ҷ.