Факултет аз ибтидои ташкилёбии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон – соли 1948 дар қатори чор факултетҳои аввалин – геология ва хокшиносӣ, биология, таъриху филология ва физикаю математика (аз соли 1949) фаъолияташро оғоз намудааст.
Нахустин довталабоне, ки ба курси аввали факултети геологияю хокшиносӣ дохил шуда буданд, 50 нафарашон ба шӯъбаи геология пазируфта шуданд. Шӯъбаи геология он солҳо дорои як кафера, кафедраи геологияи минтақавӣ ва минералогия буд ва ҳайати устодону профессорони шӯъба дар ин ҷо фаъолияти педагогиву илмӣ ва методии худро пеш мебурданд. Кафедраро нахустин академикзани тоҷик, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Юсупова С.М. сарварӣ кардааст.
Академик С.М. Юсупова то соли 1966 кафедраи геологияи минтақавӣ ва минералогияро роҳбарӣ намуд. Тайи ин солҳо як зумра шогирдон аз мактаби бузурги ин шахси хирад дониш гирифтанду сабақу самари илм ва маънӣ бардоштанд.
Мавсуф тайи солҳои роҳбариашон чандин шогирд тайёр намудаанд, ки имрӯз маҳсули заҳмати онро мо дар симои инҳо мебинем: профессорон Ҳасанов А.Ҳ., Файзиев А.Р., дотсентон Ҷанобилов М.Ҷ., Мамадвафоев М.М., Маҳкамов Р.М., муаллими калон Латифов Ҳ.З., Маҳмудов М.М. ва дигарон. Академик Юсупова С.М. фаъолияти илмии худро асосан ба омӯзиши зардхокҳои Осиёи Миёна, минералогия ва хосиятҳои гуногуни онҳо бахшидааст.
Хизматҳои бузурги ин зани оқиларо давлат ва ҳукумат қадрдонӣ намуда, ӯро бо унвони баланди Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон сарфароз гардонидааст. Имрӯз коллеҷи геологии шаҳри Душанбе ба номи ин шахси фозил ва педагоги ҳалиму меҳрубон номгузорӣ карда шудаасту дар пештоқи бинои таълимии факултаи геологияи Донишгоҳ лавҳаи ёдгории симои академик Юсупова С.М. насб карда шудааст.
Нахустин дастпарварони шуъбаи геология соли 1953 ба муассисаву ташкилотҳои соҳавӣ ба кор фиристода шуданд. Ба онҳо ғайр аз устодони штатӣ, инчунин як зумра мутахассисони ботаҷриба, аз ҳисоби роҳбарону ходимони илмии муассисаву ташкилотҳои соҳавӣ сабақу дониш дода нозукиҳо ва паҳлуҳои илми геологияро мефаҳмонданд.
Соли 1952 ҳайати устодон ва профессорони шуъба ба кадрҳои баландихтисосу соҳибкасби илмӣ – номзадҳои илм (минбаъд докторони илм), мисли Чедия Д.М., Чедия О.К., Кухтиков М.М. ва дигарон, ки қисми бештарашон хатмкардагони факултети геологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи Жданов А.А. буданд, пурра гардид. Сол то сол сатҳи таълиму тадрис дар шуъбаи геология боло мерафт. Донишҷӯён бо маводи таълимию китобҳои дарсӣ таъмин мегардиданд. Масоҳати базаи таълимии шуъба васеъ гардидаву аз маҳалҳои гирду атрофи Душанбешаҳр то ба мавзеи Харангон рафта расид. Шогирдон бошанд, акнун дар синфхонаҳову лабораторияҳои замонавӣ сабақ мегирифтанд.
Бо ташаббусу кӯшишҳои бевоситаи академик Юсупова С.М. аз зумраи нахустин дастпарварони шуъбаи геология чанд нафар ба фаъолияти педагогиву илмӣ ҷалб карда шуданд. Инҳо Могаровский В.В., Кривошекова Н.И., Косенкова А.Г., Ҳасанов А.Ҳ., Сазонов В.Д., Бузуруков Ҷ.Ҷ., Файзиев А.Р., Лоскутов В.В., Ҷанобилов М.Ҷ., Лаврусевич А.И., Шукуров А.Т., Мамонтов А.Н. ва дигарон буданд, ки ҳар яке дар тарбияву ба воя расонидани насли ҷавони соҳа саҳми сазовори худро гузоштаанд.
Шуъбаи геология то соли 1965 дар ҳайати биологияю хокшиносӣ амал намуда, аз ҳамон сол чун факултети мустақил дарҳои худро ба рӯйи донишҷӯён боз кард. Ҳамон сол факултети геология васеъ гардида, дар ҳайати он аз руйи ду ихтисос банақшагирии геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, қабул карда шуданд.
Факултетро аз соли 1966 то соли 1978 номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Бузуруков Ҷ.Ҷ. сарварӣ намуд.
Тӯли солҳои фаъолияти ин инсони комил факултет дар бисёр ҷабҳаҳо ба пешравиҳо ноил гардид. Бо кӯшишу заҳматҳои он кас барои бунёду сохтмони базаи таълимӣ дар пастхамии Зиддӣ – маркази қаторкӯҳҳои Ҳисор, воқеъ дар километри 70-уми шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар баландии 2000м аз сатҳи баҳр замин ҷудо карда шуд. Мавзеи базаи таълимӣ тасодуфан интихоб нашудааст. Зиддӣ аз ҷиҳати сохти геологӣ беҳамтост. Дар ин ҷо ҷинсҳои кӯҳии аз ҷиҳати сохт ва пайдоиш гуногун вомехӯранд
Ҳамаи гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои яке аз базаҳои беҳамтои таҷрибаомӯзии таълимӣ барои донишҷӯёни курси 1-ум ва 2-юми ихтисосҳои геологияи ватанӣ ва мамолики хориҷист.
Бо кӯмаку дастгирии ташкилотҳои истеҳсолӣ ва раёсати Донишгоҳ донишҷӯён дар базаи таълимӣ, хонаҳои истиқоматӣ, табобатӣ, ҳавзи оббозӣ, ҳаммом ва майдончаи варзишӣ бунёд намудаанд.
Донишҷӯён бо сарварии устодони ботаҷриба дониши назариявии хешро амалан мустаҳкам намуда, мустақилона аксбардорӣ ва ё наворгирии корҳои саҳроиро дар шароити баландкӯҳ ба мушоҳида мегиранд, ки ин ба муносибати дӯстонаи коллективӣ ва ҳамдигарфаҳмии онҳо оварда мерасонад.
Дар пастхамии Зиддӣ донишҷӯён ба таври мустақилона шароити пайдоиш ва ҷойгиршавии ҷинсҳои кӯҳиро меомӯзанд, синну соли онҳоро муайян мекунанд ва харитаҳои топографию геологӣ месозанд.
Дар факултет коллексияҳои зиёди ҷинсҳои кӯҳиву минералҳо ва маъданҳо гирд оварда шудаанд. Ҳоло дар назди кафедраи минералогия ва петрография бо кӯшишу ташаббуси профессор Файзиев А.Р. ва дотсент Искандаров Ф.Ш. осорхонаи геологӣ созмон дода шудааст, ки дарсҳои амалии донишҷӯён дар он ҷо гузаронида мешавад. Осорхона воқеъ дар бинои таълими факултет буда, ҳамавақт меҳмонҳо аз он дидан мекунанд.
Аз соли 1980 то соли 1985 сарварии факултети геология бар дӯши доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Ҳасанов А.Ҳ. вогузор мегардад, ки дар як вақт вазифаи мудири кафедраи минералогия ва петрографияро ба уҳда дошт.
Аз соли 1985 сарварии факултет бар зиммаи доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Файзиев А.Р. гузошта мешавад.
Тайи солҳои фаъолият дар ин вазифаи пурмасъулият профессор Файзиев А.Р. тавонист, ки самти тайёр намудани мутахассисонро бо назардошти талаботу ниёзи иқтисодиёти хоҷагии халқ васеъ намояд. Он солҳо бо дастгирии бевоситаю кӯшишҳои сарвари факултет, профессор Файзиев А.Р. ихтисосҳои наву замонавӣ коркарди кушоди конҳои канданиҳои фоиданок, коркарди зеризаминии конҳои канданиҳои фоиданок, корҳои маркшейдерӣ ва иқтисод ва идора дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва маъдан кушода шуданд. Профессор Файзиев А.Р. сарварии факултетро то соли 1996 бар дӯш дошт.
Аз соли 1996 то соли 2009 фаъолияти пурраи факултет ва пешбурди ҷараёни таълиму тадрис ба зиммаи номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Фозилов М.М. гузошта шуд. Дар факултет бо саъйю кӯшишҳои ӯ ихтисоси наву замонавӣ – Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ ва тахассусҳои «Геммология», «Геоэкология ва ҳифзи муҳити зист» ва чандин лабораторияву аудиторияҳои таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ таъсис дода шуданд.
Дар соли 2009 фаъолияти пурраи факултет ва пешбурди ҷараёни таълиму тадрис ба зиммаи доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Тоҷибеков М.Т. гузошта шуд.
Аз моҳи декабри соли 2009 то соли 2022 фаъолияти пурраи факултет ва пешбурди ҷараёни таълиму тадрис ба зиммаи доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Валиев Ш.Ф гузошта шуд, ки дар ин давра марҳилаи нави фаъолияти факултет оғоз гардид, яъне (моҳи декабри соли 2011) вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи геология оғоз шуд. Сарварии давлат Вазорати маориф ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карданд, ки аз соли хониши 2012 дар давоми 5 соли оянда барои мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ фиристодани теъдоди зарурии донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳое, ки соҳаи геология ба онҳо эҳтиёҷ дорад, чораҷӯйӣ намоянд. Инчунин, Президенти кишвар махсус қайд кард, корхонаҳое ки дар ин соҳа таҷрибаи хуб доранд, шартномаҳои дарозмуддат баста шаванд. Бо дастгирии Сарвари давлат барои таъмини заминаи моддию техникии факултет таъсиси лабораторияҳои нав – геоматика ва геммология амалӣ шуд.
Аз соли 2022 то имрӯз декани факултет номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент, Андамов Р.Ш. мебошанд.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад.
Аз замони таъсисёбии геологияи тоҷик имрӯзҳо солҳои зиёд паси сар шуда бошад ҳам геологҳои тоҷик дар ин солҳои пур аз заҳматҳою талошҳо барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва пешрафти геологияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузоштаанд. Бараъло маълум аст, ки дар зарфи солҳои сипаригардида дар дохилӣ кишвари азизамон ҳазорҳо конҳо омӯхта шуда, хулосаҳои геологӣ дода шудааст, қисми зиёди ин конҳои кандании фоиданок ба монанди конҳои тилло, нуқра, волфрам ва дигар элементҳои нодир ба истифода дода шудааст.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои рушди соҳа ва зиёд кардани маблағгузорӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологӣ тадбирҳои зиёд андешиданд.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафи чоруми миллиро саноатикунонии босуръати кишвар эълон доштанд ва дар самти амали гаштани иқдоми навбатӣ саҳми мутахассисони соҳаи геологияи ватанӣ муҳим мебошад. Зеро, мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ кашф гардидааст, ки омӯзиш ва истихроҷи онҳо барои иқтисодиёти кишвари мо муҳим мебошанд. Хушбахтона, имрӯз зиёда аз 60 номгӯи канданиҳои фоиданок аз қабили тиллову нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, намак, флюорит ва ғ. коркард карда шуда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд ва барои омӯхтан, ҷустуҷӯву иктишоф ва коркарди онҳо мутахассисони соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ хеле лозим аст.
Дар рушду инкишофи соҳаи геология фаъолияти пурсамари олимони соҳаи маҳаллӣ низ, ба монанди Сороҷон Юсупова, Рауф Баротов, Абдулҳақ Файзиев, Абдураҳим Ҳасанов, Бахшидод Алидодов, Мадатбег Тоҷибеков, Ҳакимов Ф.Х, Фозилов М.М. Муҳамадиев П.А. Искандаров Ф.Ш, Валиев Ш.Ф ва дигарон низ назаррас аст. Олимони факултет якҷоя бо олимони дигар давлатҳо корҳои илмии худро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар соҳаҳои гуногуни геология давом дода, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, олимони факултет якҷоя бо ҳамкорони рус дар даврони истиқлол якчанд минералҳои навро ошкор намуданд. Ба шарафи олимони факултет, аз ҷумла профессорон Баротов Р., Файзиев А.Р.ва Ҳасанов А.Ҳ., Искандаров Ф.Ш. номгузорӣ шудани минералҳои нав – “баротовит”, “файзиевит”, “ҳасановит” ва “искандаровит” шаҳодати он аст, ки олимони тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва илми онҳоро олимони соҳа қадр мекунанд.
Факултет имрӯз дорои 4 кафедра: минералогия ва петрография, геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, геология ва менеҷменти маъдану техника, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ буда, дар ин боргоҳи маърифат зиёда аз 40 нафар устодони соҳибкасбу соҳибмаълумот кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар кафедраҳо марбутаи факултет имрӯз мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин: аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, корҳои маркшейдерӣ, иқтисод ва идора дар соҳаи геология ва саноати кӯҳи, геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, усулҳои геофизикӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, гидрология ва пиряхшиносӣ таълим мегиранд.
Имрӯз дар факултет корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба 1 самт – «Илмҳои геологӣ», 4 проблема (геология, минералогия, петрография, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок; гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва неотектоника; минералогия, петрология ва металлогения; палеонтология ва стратиграфияи давраи бури Тоҷикистон ва манотиқи ҳамсарҳад) ва 6 мавзӯъ ба иҷро расонида мешаванд.
Айни замон дар факултет 5 нафар докторони илм, 21 нафар номзадони илм, дотсентон ва 14 нафар муаллими калону ассистентон кору фаъолият доранд. Дар факултет як адад синфхонаи компютерӣ, нуҳ адад синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо, чор адад лабораторияҳои таълимӣ ва илмию истеҳсолӣ ва осорхонаи геологӣ дар сатҳи баланд ҷиҳозондаю ташкил карда шуда ба омӯзгорону донишҷӯён хидмат мерасонад. Факултет дорои лабораторияҳои минералогия, геммология, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, геоматика, маркшейдерӣ, геодезия, иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, коркарди сангҳои ороишӣ, геологияи нафту газ мебошад. Дар синфхонаҳои факултет техникаи мултимедиавӣ (компютерҳо ва видеопроекторҳо) насб карда шудааст.
Дар хидмати донишҷӯён китобхона (аз ҷумла китобхонаи электронӣ), утоқҳо ва лабораторияҳои таълимии ҳозиразамон қарор доранд.