САММИТИ ЯКУМИ САРОНИ КИШВАРҲОИ “ЧИН-ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ВА ЭЪТИРОФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОН ҲАМЧУН СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

183

(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин)

Аз аввал чун миллати созанда, бохираду андешаманд, сулҳовар, шаҳрсозу кишваркушоии намояндагони миллати тоҷик дар таърихи башарият борҳо исбот кардаанд, ки миллати тоҷик миллате аст, ки саҳмаш дар ташаккули давлатҳои ҳамсоя ногузир аст.

Таҳаввулотҳои созанда ва иқдомҳои бузург дар таърихи башарият, маҳз бо дастони фарзандони ин миллат сурат гирифтааст. Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодиса ва воқеаҳои даҳшатборе гардидааст, ки инсоният барои ҳалли он ба мушкилотҳои бузург ру ба рӯст. Яке аз ин мушкилот тағйирёбии иқлим ва оби ошомиданӣ ба ҳисоб меравад, ки таввасути пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишварҳо сари ин масъала дар фикру мулоҳиза барои амалишавии он ва нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист дар ин ё он ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҷамъ шуда, роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ менамоянд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳо ва ҷонбозиҳо, иқдомҳои созанда, нигоҳ доштани ҳастии миллат, муттаҳид сохтани халқ, муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маҳз бо корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ аз тамоми минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, тоҷиконро бо расмият ва анъанаҳои миллии сунатӣ шинос намудаааст.Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи 19 майи соли ҷорӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” амалӣ гардид, ки дар он иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор таъкид шуд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад. Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад.

Иштироки Пешвои Миллат дар ин Самит ба якчанд масъалаҳои ҳаётан муҳими байни давлати замина гузошт ва таъкид карда шуд, ки масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳамкориҳо зичтар ба роҳ монда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад ва доимо дар ҳамкории зич аст, ки амнияти дохилию минтақавӣ ноором нагардад.Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ чунин иброз доштанд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.

Эътирофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадор дар миёни дигар сарони кишварҳо ин худ мавқеи махсуси шахсияти намояндаи як миллати тамаддунофару созанда чун тоҷикро исбот мекунад. Дар як марҳилаи кутоҳ давлати нав таъсис дод, сулҳро барқарор кард, халқи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва ба ҷаҳониён пешниҳодҳое ироа намуд, ки хусусияти башардустона дошт ва дорад. Ҳамчунин дар таъсиси созмонҳои муштарак ҷиҳати беҳтар сохтан ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ чун Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳодҳои мушахас пешниҳод кард ва аъзои комилҳуқуқи он гардид. Ин аз кордонӣ, заковатмандӣ, сиёсатмадорӣ, хирадмандӣ, таҷрибадорӣ ва дурбинии рушди муносибатҳои ҳаматарафаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шахсиятҳои бузург ташаббусҳо, пешниҳод ва андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳалли масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ менамоянд.

Дар ин сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин 25 санадҳои нави ҳамкориҳо ба имзо расиданд, ки ҳамаи санадҳо муҳим ва саривақтӣ буда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳарду кишвар саҳми арзишманде мегузоранд.

Давлатов Ф.С. – и.в. мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти ДМТ