ОМӮЗИШИ ПРОБЛЕМАҲОИ ГЕОЛОГӢ ВА КОРКАРДИ КОНҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК

35

Имрӯз (30.10.2024) дар пояи кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Проблемаҳои геология ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)» ва «Солҳои рушди саноат -2022-2026” конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро декани факултет Раҷабалӣ Андамиён ифтитоҳ намуда, зикр кард,ки “проблемаҳои геология ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бисёр муҳим ва актуалӣ буда, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти калон доранд. Зеро, 93-%-и кишвари моро кӯҳҳо ташкил мекунанд ва қаъри онҳо аз канданиҳои фоиданоки гуногун бой мебошанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки чунин ҳамоишҳои илмию амалиро оид ба ҳалли ин проблемаҳо бештар ба роҳ монем”.

Зимнан сардори шуъбаи ахбори илмию техникии Донишгоҳ Абдуллозода Р. сухан намуда, қайд кард, ки «Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад».

Таъкид карда шуд, ки асоси пешрафту шукуфоии кишвари моро истифодаи оқилона ва самараноки канданиҳои фоиданок ташкил медиҳанд. Имрӯзҳо беш аз 100 конҳои канданиҳои фоиданок ба истихроҷи беш аз 60 намудҳои маъдан машғуланд. Ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бояд ба таври комплексӣ истифода карда шаванд.

Ҳамзамон, дар кори конференсия мутахассисону намояндагони корхонаву муассисаҳои гуногун, аз ҷумла Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази илмӣ-тадқиқотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони факултетҳои баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, механикаю математика, химия иштирок намуданд.

Дар кори конференсия 32 маърӯза пешбинӣ шуда буд, ки 3 мавзуъ тариқи онлайн аз ҳамтоёни хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони Муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии сохтмони Москва ва Донишгоҳи давлатии Томск шунида шуд.